Бо назардошти муроҷиати сарвари давлат оид ба расонидани кӯмаки молиявӣ ба соҳибкорону тоҷирон, ҶСК «Агроинвестбонк» ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои хурди гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири дафтари асосии бонки мазкур дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, аз 16 корхонаи хурди минтақа дархости қарз дар ҳаҷми 3 млн. 625 ҳазор доллари ИМА қонеъ карда хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, давоми моҳҳои июл ва август ба маблағи 250 ҳазор доллари ИМА қарзҳои нахустин пешниҳод шуда, дархостҳои боқимонда мавриди омӯзиш ва маблағгузорӣ қарор доранд. «Миёни қарзгирандагон мизоҷони боэътимоди мо низ ҳузур доранд, ки барои онҳо қарзҳо на таври маъмулӣ барои як сол, балки барои 1,5 сол дода мешаванд», – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 6 моҳи соли равон ҶСК «Агроинвестбонк» дар ин минтақа 29 млн. сомонӣ қарзҳо пешниҳод намудааст, ки 5 млн. 178 ҳазор сомонии онро корхонаву муассисаҳои соҳаи саноат, сохтмон ва нақлиёт дасрас кардаанд.