Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиялро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавариди таваҷҷӯҳи тарафҳо муҳокима шуданд.
Ш.Зуҳуров зикр кард, ки то имрӯз миёни кишварҳо 25 санади муҳим, аз қабили Созишнома ва Протоколҳо ба имзо расида, бояд барои мавриди иҷро қарор гирифтани ин санадҳо талоши бештар карда шавад.
Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиял салому дуруди раиси парлумони кишварашро ба Шукурҷон Зуҳуров расонида, ҳамзамон изҳор дошт, ки рӯзҳои 3 ва 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исломобод конфронси байнипарлумонӣ бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо баргузор мегардад, ки иштироки ду нафар аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронс дар назар дошта шудааст. Ин таклиф аз ҷониби раёсати Маҷлиси намояндагон ба хушнудӣ қабул гардид.
Сафир ҳамчунин таъкид кард, ки қарор аст, ҷониби Покистон дар доираи барномаи имдодрасонии худ ба Тоҷикистон низбо маводи озуқаворӣ кӯмак намояд.