Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷараёни корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ба ноҳияи Данғара сафар кард.
Бино ба маълумоти хадщамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози боздиди корӣ аз ноҳияи Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи 8-и маркази ноҳия ташриф оварда, мактаби навбунёди таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70-ро расман ифтитоҳ намуд.
Тавре зикр гардид, ин мактаб аз ҷониби роҳбарияти бонки хусусии Тоҷиксодиротбонк бо харҷи 16 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд ёфта, ба мақомоти дахлдори давлатии ноҳия туҳфа карда шудааст.
Ин мактаб аз 24 синфхонаи зебову муҷаҳҳаз иборат буда, барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳои махсуси фаннии он, аз ҷумла синфи омӯзиши компютер, забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ, синфҳои озмоишии физика, кимиё, биология ва ҳунаромӯзии духтарону писарон бо тамоми асбобу олоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳоло ин мактаб наздики 900 нафар хонандагонро бо таҳсил фаро гирифтаааст.
Дар маҷлисгоҳи зебои мактаб, ки дорои 182 ҷойи нишаст мебошад, имкон дорад, ки ҳар гуна маҷлису маҳфилҳо ва чорабиниҳои фарҳангии мактабию беруназмактабӣ ба роҳ монда шавад.
Толори варзишии мактаб бошад, бо дарозию паҳноии 36х24м. бунёд ёфта, дорои шароити машқу тамрини намудҳои гуногуни варзишу тарбияи бадан ва 205 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад.
Дар саҳни ҳавлии мактаб, ҳамчунин майдони универсалии варзишӣ бунёд ёфта, муҷаҳҳаз шудааст.
Дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин мактаби боҳашамати президентӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо тарҳу намои зебои замонавӣ, беҳтарин шароити таълиму тарбия ва будубоши шабонарӯзии омӯзгорону хонандагон бунёд ёфтааст.
Тавре зикр гардид, солҳои охир бо ибтикори наҷиби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар мактабу литсейҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд меёбанд ва ин 7-умин мактаб аз ин силсила аст.
Чунонки зикр гардид, ин мактаби хуштарҳи замонавӣ барои 640 нафар хонандагони хушлаёқат аз ноҳияи Данғара ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.
Мактаб аз синфхонаҳои зебои бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз, аз ҷумла синфҳои махсуси фаннӣ барои забономӯзӣ, омӯзиши компютер, ҳунарҳои рӯзгордорӣ барои духтарону писарон, озмоишгоҳҳои фаннӣ барои фанҳои дақиқ ба мисли физика, кимиё, биология ва ғайра иборат мебошад.
Китохонаи мактаб бо китобҳои зиёди дарсию бадеӣ мукаммал гардида, дорои толори хониш ва китобхонаи электронӣ аст. Толори электронии он бо китобхонаҳои дигари электронии дохилу хориҷи кишвар робитаи мустақим барпо намудааст.
Толори зебою мунаққаши маҷлисии он, ки дорои 180 ҷойи нишаст мебошад, барои ба роҳ мондани маҷлису маҳфилҳои гуногуни мактабӣ ва байнимактабӣ пешбинӣ шудааст.
Ошхонаи мактаб бо 300 ҷойи нишаст хеле зебою барҳавои он дорои шароити хуби мувофиқ ба талаби замон ва қоидаҳои санитарӣ покизагӣ мебошад.
Мактаб ҳамчунин дорои толори бузурги варзишӣ, майдони васеи универсалии варзишӣ ва ҳавзи калони болопӯшидаи шиноварӣ мебошад. Ҳавзи шиноварӣ бо стандартҳои ҷаҳонии варзишӣ бунёд ёфтааст ва дар он имкон дорад, ки мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию минтақавӣ ба роҳ монда шавад.
Чунонки таъкид гардид, ҳам хонандагон ва ҳам омӯзгорон ба ин мактаб аз тариқи озмун қабул карда мешаванд. Барои омӯзгороне, ки аз роҳҳои дур барои кор ба ин мактаб ҷалб мешаванд, се бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо 90 хона бунёд меёбад. Ҳоло як бинои он бо 30 хона мавриди истифода қарор гирифтааст.
Мактаб барои ҳамаи 640 нафар хонанда, ҳамчунин 2 хобгоҳ дорад яке барои писарон ва дувумӣ барои духтарон, ки дорои шароити хуби будубоши шабонарӯзӣ, дарстайёркунӣ, истироҳату фароғат, ҳаммом ҷойи либосшӯӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз шароити хуби таълиму тарбия ва будубош, ки барои омӯзгорону хонандагони ин мактаб муҳайё гардидааст, изҳори хушнудӣ карда, мактаббачагон ба хониши хубу аъло ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.


