Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷаласаи 6-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ рӯзҳои 5-6-уми ноябр дар Душанбе баргузор хоҳад гашт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни нишаст масоили рушд ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷориву иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамраисони комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамраалиев ва Вазири ҳифзи муҳити зисти Қазоқистон Нурлан Исҳоқов мебошанд. Сарчашма ҳамчунин гуфт, ҳадафи ин нишаст, ташкили асосҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои дуҷониба аст.


