Душанбе. 3-юми ноябр – Вазорати дифоъи ИМА дар саҳифаи интернетии худ навиштааст, ки ахиран ба То
ҷ
икистон ва Қазоқистон ду нафарро, ки дар боздоштгоҳи
ҷ
азираи Гуантанамо (воқеъ дар Куба) нигаҳдор
ӣ
мешуданд, интиқол додааст.
Вазорат мег
ӯ
яд, ки ин афрод баъди таҳқиқоти чандинбораи парвандаҳои ин ду нафар барои интиқолёб
ӣ
ба кишварҳояшон муносиб дониста шуданд. Вазорати дифоъи Амрико мег
ӯ
яд, иқдоми мазкур маънои онро дорад, ки ИМА хостори ин нест, ки “боздоштшудаҳо бештар аз м
ӯ
ҳлате, ки лозим аст”, нигаҳдор
ӣ
шаванд. Феълан, ба иттилои ин манбаъ, ҳудудан 60 нафари дигар барои интиқолёб
ӣ
омода ҳастанд ва ин
масъала дар меҳвари баррасиҳои ИМА ва кишварҳои дигар қарор дорад.
Бино ба иттилои мақомоти амрико
ӣ
ва то
ҷ
икистон
ӣ
, то оғози соли 2007 10 шаҳрванди То
ҷ
икистон аз маҳбаси Гуантанамо ба ватан интиқол дода шуданд. Ин афрод дар Афғонистон то соли 2002, баъди шур
ӯ
и амалиёти зиддитеррор дар ин кишвар ва вуруди нир
ӯ
ҳои амрико
ӣ
ва байналмилал
ӣ
барои мубориза бо ситеза
ҷ
ӯ
ён ва Толибон боздошт шудаанд. Ҳамзамон мақомоти То
ҷ
икистон мег
ӯ
янд, ки дар мавриди шумори умумии то
ҷ
икистониҳо дар маҳбаси Гуантанамо иттилоъи дақиқ надоранд.
Боздоштгоҳи муваққатии Гуантанамо, ки дар
ҷ
азираи Куба воқеъ буда, ба вазорати дифоъи ИМА мансуб аст, баъди р
ӯ
йдодҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ташкил шуд ва ба он гумонбарони амалиёти террорист
ӣ
, ки дар Афғонистон боздошт шудаанд, интиқол ёфтанд. Дар соли 2002 шумори куллии боздоштшудаҳо тақрибан 800 нафар гуфта мешуд, аммо вазорати дифоъи Амрико мег
ӯ
яд, ки шур
ӯ
ъ аз соли 2002 беш аз 520 боздоштшударо ба кишварҳои Албания, Ал
ҷ
азоир, Афғонистон, Бангладеш, Баҳрайн, Белгия, Дания, Миср, Фаронса, Бритониёи Кабир, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Либия, Малдив, Мавритания, Марокаш, Покистон, Русия, Арабистони Саъуд
ӣ
, Испания, Шветсия, Судон, То
ҷ
икистон, Туркия, Уганда ва Яман интиқол додааст. Феълан дар Гуантанамо 255 боздоштшуда
нигаҳдор
ӣ
мешавад, омадааст дар иттилияи вазорати дифои Амрико.
Гур
ӯ
ҳҳои ҳуқуқи башар, СММ ва дигар фаъолони мудофеъи ҳуқуқи инсон борҳо аз ҳукумати Амрико расидагии одилона ва барх
ӯ
рди мутобиқи қонунҳои байналмилалиро ба боздоштшудаҳои Гуантанамо тақозо кардаанд. Онҳо ҳукумати Амрикоро барои нигаҳдошти т
ӯ
лонимуддати боздоштшудаҳо бидуни муҳокимаҳои додгоҳ
ӣ
ва айбномаҳои расм
ӣ
танқид кардаанд. Дар бархе ҳолатҳо, аз
ҷ
умла дар нисбати бархе боздоштшудаҳои то
ҷ
икистонии Гуантанамо собит шудааст, ки онҳо нафарони тасодуф
ӣ
буда, ҳе
ҷ
иртиботе бо гур
ӯ
ҳҳои террористиву Толибон надоранд.
Аммо дар қазияи ду то
ҷ
икистонии дигари аз Гуантанамо баргашта соли 2007 Додгоҳи олии То
ҷ
икистон ҳукми шадидро раво дид. Моҳи августи он сол додгоҳ ду сокини Исфара – Муқит Воҳидов ва Рухнуддин Шароповро дар
убури ғайриқонунии марзи давлат
ӣ
ва хидмат ба унвони сарбози зархарид дар ҳайати гур
ӯ
ҳи вобаста ба
Ҷ
умъаи Намангон
ӣ
, яке аз раҳбарони Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам дониста онҳоро ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Онҳо қабл аз ин ҳукм шаш сол дар Гуантанамо ба сар бурда буданд.


