Аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон лоиҳаҳои алтернативии такмили қонунҳо дар бораи интихоботро дастгирӣ карданд

Далер Ғуфронов



Душанбе. 8-уми июл. ОИ


«


Азия-Плюс


» – Аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон лоиҳаҳои алтернативии такмили Қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи Бунёди байнулмилалии низомҳои интихоботӣ (IFES)

 

таҳти унвони «Мусоидати касбӣ дар баргузорӣ ва ислоҳоти интихобот дар ҶТ» таҳияву омода гардида буданд, дастгирӣ карданд.






Ба санадҳо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон имзо гузоштанд.





Ҳамчунин намояндаи Ассотсиатсияи миллии сиёсатмадорони Тоҷикистон низ лоиҳаҳоро имзо кард.





Дар маросими ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо намояндагони ваколатдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳузур надоштанд.





Интизор меравад, ки лоиҳаҳои алтернативии мазкур моҳи октябр расман ба парлумон равона карда мешаванд. Рӯзҳои наздик нусхаҳои лоиҳаҳоро ният доранд, ба Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ низ ирсол кунанд.





Ёдрас мекунем, ки лоиҳаҳо дар муддати як моҳ аз ҷониби гурӯҳи махсуси кории ҳизбҳои расман амалкунандаи ҶТ бо дастгирии IFES таҳия гашта буданд.

 




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...