Дар Тоҷикистон ҳудуди 167 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар То ҷ икистон маъракаи дарави ғалла ав ҷ мегирад. Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, ки то имрӯз дар киштзорҳо 166 ҳазору 309 тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 72 ҳазору 113 тонна бештар мебошад. Мутахассисини вазорат […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Дар То


ҷ


икистон маъракаи дарави ғалла ав


ҷ


мегирад.






Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, ки то имрӯз дар киштзорҳо 166 ҳазору 309 тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 72 ҳазору 113 тонна бештар мебошад.





Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз дар 98 ҳазору 925 гектараш дарав ба анҷом расидааст.





«Имрӯз ба маъракаи дарави ғалла 317 комбайнҳо сафарбар карда шудаанд», – зикр кард сарчашма.





Бино ба иттилои манбаъ, аз майдони умумии кишти зироатҳои ғалладона 70 фоизашро гандум ташкил медиҳад ва соли ҷорӣ ғаллакорон вазифадор карда шудаанд, ки аз заминҳои обӣ наздик ба 700 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намоянд.





«Соли гузашта дар майдони 273 ҳазору


403 гектар

зироатҳои ғалладона кишт шуда, 931 ҳазору 204 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки 649,3 ҳазори онро гандум ташкил медод», – афзуданд дар Вазорати кишоварзии ҶТ.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.