Барномаҳои таълимии мактабҳо нав карда мешаванд, – вазири маориф

  Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ тағйир дода шуда, мувофиқи китобҳои дарсӣ омода мегарданд. Аз ин хусус дар нишасти матбуотӣ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов хабар дода, изҳор дошт, ки дар соли нави хониш соати дарсии забони русӣ ду соат зиёд карда мешаванд. Вазир ҳамчунин иттилоъ дод, ки […]

Мавҷуда Ҳасанова





 




Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ тағйир дода шуда, мувофиқи китобҳои дарсӣ омода мегарданд.





Аз ин хусус дар нишасти матбуотӣ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов хабар дода, изҳор дошт, ки дар соли нави хониш соати дарсии забони русӣ ду соат зиёд карда мешаванд.





Вазир ҳамчунин иттилоъ дод, ки маҷаллаи тозаи «Масъалаҳои маориф» ба табъ расидааст.





«Мо ният дорем, ҳамчунин нашри маҷалла барои кӯдаконро низ ба роҳ монем», – гуфт ӯ.





А.Раҳмонов изҳор дошт, ки то моҳи сентябр китобҳои тоза бо расмҳои ранга барои кӯдакони синни томактабӣ тайёр карда мешаванд. «Вазорат ҷиҳати таҳияву омода сохтани китобҳо ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомон муроҷиат кард», – гуфт ӯ.





Вазир баён дошт, ки то оғози соли нави хониши 2008-2009 мактабҳои ҷумҳурӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин карда мешаванд.





Аз Вазорати маорифи ҶТ ҳамчунин хабар доданд, ки дар шаш моҳи соли равон 67 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ барои синфҳои 11, 70 ҳазор нусха китобҳои дарсии омодагии ҳарбӣ, 20 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони англисӣ барои синфи 9, 48 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ барои синфҳои 3, 70 ҳазор нусха китобҳои дарсии тарбияи ватандӯстӣ барои синфҳои 3 ва 4 ва 27,3 ҳазор нусха китобҳои дарсии технологияҳои иттилоотӣ барои синфи 7-ум нашр гардида, ба мактабҳои ҷумҳурӣ фиристода шудаанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.