Низомиёни тоҷику рус аз фурудгоҳи Айнӣ дар ҳамбастагӣ истифода хоҳанд кард, – вазирони мудофиаи Русияву Тоҷикистон

Date:


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки дар 20 километрии ғарби Душанбе воқеъ аст, аз ҷониби нерӯҳои ҳарбии ҳар ду кишвар истифода хоҳад шуд.




Вазири мудофиаи Тоҷикистон низ дар мулоқот ширкат варзид ва чунин изҳори ақида намуд, ки ин ҷо гап сари масъалаи иҷораи фурудгоҳ аз ҷониби Русия нест, балки ҳар ду кишвар дар ҳамбастагӣ аз он истифода хоҳанд кард.



«Мо ба президент иттилоъ додем, ки нақшаи муштараки ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳо муваффақона амалӣ мегардад ва барои соли оянда лоиҳиа нақша барои имзо омода аст, – гуфт А.Сердюков.



Ӯ зикр кард, ки дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус ба омӯзиши кадрҳои низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии Русия зоҳир гашт.



Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, айни замон дар макотиби олии низомии Русия ҳудуди 500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ аз Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд.



Дар посух ба суоли дар як замон иттифоқ афтодани боздиди ӯ бо сафари роҳбари Фармондеҳии марказии Амрико Мартин Демпс вазири мудофиаи Русия изҳор дошт, ки ин танҳо тасодуф аст.



Зимни боздид А.Сердюков ҳамчунин аз пойгоҳи мушоҳидаи кайҳонии «Норак» ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...