Дар ду рӯз сатҳи оби обанбори НОБ-и «Норак» як метр зиёдтар шуд

Date:




           



Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл муовини раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик Уғулой Хоҷаева ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки кормандони ширкат тавассути чархбол қуллаҳои кӯҳҳои Тоҷикистонро назорат карданд ва дар натиҷа маълум шудааст, ки дар кӯҳҳо барф намондааст.

 




«Акнун танҳо ба болоравии ҳарорат аз 45 дараҷа зиёдтар умед мебандем, зеро чунин ҳарорат ба барфшавии пиряхҳо муосидат мекунад ва то мавсими гармидиҳӣ обанбори Норак дар сатҳи зарурӣ бо об пур мешавад», – гуфт ӯ. Мувофиқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», соли гузашта обанбор дар сатҳи зарурӣ то 17-уми сентябр пур шуда буд, имрӯз бошад, то сатҳи зарурӣ боз 17 метри дигар мондааст.



Ба иттилои сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ, тайи ду рӯзи ахир бар асари баландшавии ҳарорати гармӣ то 44-45 дараҷа сатҳи воридшавии об ба обанбор то 1 ҳазору 760 метри мукааб расидааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар соли равон мебошад. «Дар ин муддат сатҳи оби обанбор беш аз


1 метр

зиёдтар шуд», – афзуд Н.Ёдгорӣ.



Ёдрас мекунем, ки вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9-уми сентябр ҷорӣ мегардад.



Дар ҳамин ҳол, муовини сармуҳандиси  ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Рустам Раҳимов дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ шояд аз моҳи август оғоз гардад ва ширкат бо чунин дархост ба ҳукумат муроҷиат кардааст.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...