Дар Истанбул раиси ҲСДТ дар баррасии масъалаи «тундгароӣ ва ифротгароии исломӣ» иштирок кард

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров чанде қабл аз Истанбул ба ватан баргашт. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ иттилоъ дод, ки ҳамроҳи намояндагони доираҳои коршиносони сиёсии Тоҷикистон онҳо дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти амният аз тундгароӣ ва ифротгароӣ», ки дар таърихи 28-29-уми июл доир гашт, иштирок […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров чанде қабл аз Истанбул ба ватан баргашт.




Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ иттилоъ дод, ки ҳамроҳи намояндагони доираҳои коршиносони сиёсии Тоҷикистон онҳо дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти амният аз тундгароӣ ва ифротгароӣ», ки дар таърихи 28-29-уми июл доир гашт, иштирок кардаанд. Чорабинӣ дар Донишгоҳи илмҳои Истанбул баргузор шудааст.



Ба гуфтаи Р.Зойиров, дар масъалаи «тундгароӣ ва ифротгароии исломӣ» баҳси доманадоре сурат гирифтааст. «Коршиносони Аврупои Ғарбӣ дар бораи мафҳумҳои «тундгароӣ» ва «ифротгароӣ» танҳо тасаввуроти илмиву назариявӣ доранд, – гуфт ӯ. – Онҳо танҳо аз мавҷудияти чунин мушкилот моро мӯътақид месохтанд, вале ҳеҷ кадоме

 

ин мафҳумҳоро шарҳу тафсир дода наметавонист».



Ба таври дигар, мегӯяд ӯ, мутахассисони ғарб дар бораи «тундгароӣ ва ифротгароии исломӣ» танҳо тасаввурот доранду халос, ки он асоснок набуда, бозгӯи воқеият ҳам нест.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.