Наҷотдиҳандагон аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми истироҳат назди кӯлу дарёҳо қоидаҳои оддии бехатариро риоя намоянд

Date:






Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Бохтар ҷустуҷӯи ҷасади наврасе, ки ҳанӯз 31-уми июл ғарқ шуда буд, идома дорад.



Аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сокини деҳаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар, навраси 13-сола Ҳақназар Саидмуродов ҳангоми оббозӣ дар канали маҳалла ғарқ шудааст.



Тибқи иттилои манбаъ, ҷасад ҳанӯз ёфт нашуда, онро то ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд.



Мувофиқи маълумоти кумитаи номбурда, дар шаш моҳи соли равон дар дарёву кӯлҳои ҷумҳурӣ 39 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидананд. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми истироҳат назди кӯлу дарёҳо қоидаҳои оддии бехатариро риоя намоянд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...