Тоҷикистон аз рӯи сатҳи таваррум миёни кишварҳои ИДМ пешсаф аст

Date:


Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сатҳи таварруми баландтарин миёни кишврҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, ки мувофиқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ ба 28,8 фоиз расидааст.




Сатҳи таваррум дар кишварҳои дигари ИДМ ба тартитби зайл аст: Украина – 26,4; Қирғизистон – 25,6; Озарбойҷон – 20,2; Қазоқистон – 19,1; Молдова – 15,5; Белорус – 14,2 ва Гурҷистон – 11,4 фоиз.



Сатҳи пасттарини таваррум дар Арманистон (11,4 фоиз) ба қайд гирифта шудааст.



Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорчӣ сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 8,28 фоизро ташкил додааст.



Суръати моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ дар ин давра 1,38 фоизро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта он ба 0,58 фоиз баробар буд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...