Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти созмони хайрияи амрикоии MERCYCORPS» (Корпуси шафқат) дар Тоҷикистон ба муддати як моҳ мутаваққиф шуд. Созмон аз соли 1994 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Аз Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки созмон аз пешниҳоди аснод барои санҷиши фаъолият ба вазорати адлия саркашӣ кардааст ва вазорати адлия ба додгоҳ муроҷиат намудааст. «Тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон вазорати адлия ҳуқуқ дорад, ки санҷиши фаъолияти созмонҳои хайрияву ҷамъиятиро ҷиҳати риояи қонунҳо баргузор намояд, вале раҳбарияти намояндагии созмони мазкур ин масъаларо нодида гирифт», – изҳор дошт сарчашма.
Ба гуфтаи намояндаи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ намояндагони созмонро ӯҳдадор сохтааст, ки барои санҷиши фаъолият ҳамаи асноди заруриро ба вазорати адлия пешниҳод созанд.


