Дар ноҳияи Ёвон 14 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад

Date:


Қӯрғонтеппа. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Ёвон 14 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар чанде аз мактабҳо бо ин сабаб дарсҳо дар вагонҳо гузаронида мешаванд. Айни замон бо ёрии кумитаи волидон сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад ва сохтмончиёни ният доранд, ки то оғози соли нави хониш ин синфхонаҳоро ба истифода диҳанд.




Ба гуфтаи муовини раис, дар мактабҳои дигар (дар ноҳия ҳамагӣ 77 мактаб мавҷуд аст) корҳои таъмиру сохтмон ба анҷом расиданд.



«Барои мактабҳои ноҳия 45 нафар омӯзгорони забони русиву англисӣ, кимиё, физика ва риёзӣ намерасанд», – афзуд Т.Шарипова.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...