Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Хонаи кинои шаҳри Душанбе 29-уми август барои аввалин бор дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустнамоиши филми «Тафаккури исломӣ: Оғохон ва исмоилиҳо» баргузор мегардад.
Дар даъватномаи унвонии васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ ирсолгардида продюсер ва яке аз коргардонҳои филм Самир Алибхай хабар медиҳад, ки «ин филми мустанади мустақил буда, аз рӯи сенарияи коргардони маъруфи соҳаи кино ва дорандаи ҷоизаи Эмми Билл Крэн наворбардорӣ шудааст».
«Бори нахуст филм дар шабакаи телевизиони Канада ва сипас дар Гарвард, Стэнфорд, Лондон ва Африқои Шарқӣ намоиш дода шудааст», – гуфта мешавад дар даъватнома.


