Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Тоҷикистон шуд

Date:


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар арафаи баргузории саммити Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Раиси


Ҷ


умҳурии Мардумии Чин Ху Тсинтао ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва анҷом додани боздиди давлатӣ аз Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.




Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.



Сипас Ху Тсинтао ва ҳайати ҳамроҳи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бӯстонсарои ҳукуматӣ роҳ пеш гирифтанд. Ҳангоми ҳузури Ху Тсинтао дар Тоҷикистон қароргоҳи муваққатии ӯ дар ин ҷо воқеъ хоҳад буд.



Роҳбари Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод, ки дар ҷараёни боздид мулоқоти «як ба як»-и Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсзинтао бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтушуниди васеи ҳайатҳои расмии ду давлат сурат хоҳад гирифт. Ҳамчунин Раиси ҶХХ бо Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.



«Дар рафти ин сафар бастаи санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид, ки он боиси тақвияти заминаи ҳуқукӣ-шартномавии робитаҳои дуҷониба хоҳад гардид», – изҳор дошт Д.Назриев ва таъкид сохт, ки боздиди мазкур бешак ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои неки ҳамҷаворӣ ва таҳкими ҳамкориҳои самарабахши миёни ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...