Сарони кишварҳои Қирғизистон, Эрон, Ӯзбекистон, Русия ва ҳайати Ҳиндустон ба Душанбе омаданд

Date:


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дувуми имрӯз сарони кишварҳои кишварҳои Қирғизистон – Қурмонбек Боқиев, Эрон – Маҳмуд Аҳмадинажод, Ӯзбекистон – Ислом Каримов, Русия – Дмитрий Медведев ва ҳайати Ҳиндустон таҳти роҳбарии вазири нафт ва гази кишвар Мурли Деор ба Душанбе омаданд.




Дар фурудгоҳи пойтахт меҳмононро сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ин дақиқаҳо ташрифи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар назар аст.


Тибқи барномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, шоми имрӯз дар бӯстонсарои президенти Тоҷикистон «Варзоб» мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони давлатҳо баргузор мегардад.

 







ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...