Дар Душанбе гуфтушуниди расмии Э.Раҳмон ва Д.Медведев доир мегардад

Date:


Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон шаш санад ба имзо мерасад.




Мувофиқи барнома, боздиди расмӣ аз маросими гулчанбаргузорӣ зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, сипас дар «Кохи Миллат» идома меёбад.



Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия нахуст дар шакли «як ба як» мулоқот намуда, сипас гуфтушунидҳои васеи ҳайъатҳои расмии ду кишвар баргузор мешавад.



Роҳбари Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид шаш санад ба имзо хоҳад расид. Сарони кишварҳо ҳамчунин зери Изҳороти муштарак низ имзо хоҳанд гузошт.



Ғайр аз ин, ҳамчунин як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба ҳифзи муштараки натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии бадастомада зимни ҳамкориҳои техникиву низомӣ ва истифодаи он, Созишномаи вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ, Созишномаи ҳамкории вазоратҳои кишоварзии кишварҳо, Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба таъсис ва роҳандозии фаъолияти Маркази таҳқиқотии «Помир-Чақалтай» низ ба имзо хоҳанд расид.



Тибқи барномаи сафари президенти Русия

 

боздиди ӯ аз пойгоҳи низомии 201-уми Вазорати дифои Русия, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, сурат мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...