Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Корея дар То
ҷ
икистон бори нахуст барои шаҳрвандони То
ҷ
икистон раводиди сафар ба ин кишварро медиҳад.
Аз сафоратхонаи мазкур ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар марҳилаи аввал раводид ба аъзои ҳукумат барои сафари расм
ӣ
ва шаҳрвандоне дода мешавад, ки онҳоро ширкатҳои кореяг
ӣ
ба кишвар даъват карда бошанд.
Бино ба иттилои манбаъ, барои гирифтани раводиди сафар зарур аст, даъватнома ва номаи кафолатноки ширкат ё худ ташкилоту созмони Кореяро дошта бошед. «Минбаъд мо фаъолиятро чунин роҳандоз
ӣ
хоҳем кард, то ки шаҳрвандони одд
ӣ
ва сайёҳон низ имкони дастрасии раводидро пайдо кунанд», – афзуд манбаъ.


