Намояндагони 26 кишвари дунё ба анҷумани навбатии тоҷикони ҷаҳон ба Душанбе меоянд

Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи ҷамъияти робита бо ҳамватанони бурунмарзии «Пайванд»-и Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки барои иштирок дар анҷумани навбатии тоҷикони ҷаҳон, ки аз 5-ум то 11-уми сентябр доир мегардад, намояндагони 26 кишвари дунё ба шаҳри Душанбе меоянд. Ба қавли ӯ, дар чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 17-умин солгарди […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи ҷамъияти робита бо ҳамватанони бурунмарзии «Пайванд»-и Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки барои иштирок дар анҷумани навбатии тоҷикони ҷаҳон, ки аз 5-ум то 11-уми сентябр доир мегардад, намояндагони 26 кишвари дунё ба шаҳри Душанбе меоянд.




Ба қавли ӯ, дар чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 1150-умин солгарди Одамушшуаро Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар маҷмӯъ, ҳудуди 90 намояндагони диаспораҳои бурунмарзии тоҷикон ширкат хоҳанд варзид.



«Мо меҳмонони тоҷикзабонро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон, Бритониёи Кабир, Австрия, Канада, Чин, Ҳиндустон, Гурҷистон, Белжик, Исроил, Марокко, Русия, Эрон, Покистон, Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо бесаброна интизорем», – таъкид сохт сарчашма.



Бино ба иттилои сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев, меҳмонони анҷуман аз аксари шаҳрҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла зодгоҳи шоир Абӯабдулло Рӯдакӣ – деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент низ боздид менамоянд. Дар ин деҳа баргузор намдани чорабиниҳои ҷашнии шоир ба нақша гирифта шудааст.





 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.