Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл вазири умумри хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати намояндагони Донишгоҳи Монтанаи Амрикоро таҳти роҳбарии ректори ин донишгоҳ Ҷорҷ Деннисон ба ҳузур пазируфт.
Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мулоқот масоили ба роҳ мондани муносиботи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин донишгоҳ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
«Ҳайти намояндагони донишгоҳи Амрико барои иштирок дар тантанаҳои ҷашнии 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ба кишвари мо ташриф овардаанд», – изҳор дошт манбаъ.


