Дар Панҷакент чорабиниҳои ҷашнии 1150-умин солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ оғоз мегарданд

Date:



            




 

Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 1150-умин солгарди сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ оғоз мегарданд.





           

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар чорабиниҳои ҷашнӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат ва вакилони парлумони ҷумҳурӣ, намояндагони зиёиёни эҷодкор ва аҳли илм, иштирокчиёни Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, аҳли ҷомеа ва сокинони маҳаллӣ иштирок хоҳанд кард.




           

«Дар чаҳорчӯбаи таҷлили солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ дар зодгоҳи ӯ – деҳаи Панҷрӯд маросими ифтитоҳи муҷассама ва мақбараи бозсозишудаи шоир

 

доир мегардад», – изҳор дошт манбаъ.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related