Айни. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо сабаби ба муддати ду моҳ баста шудани нақби «Истиқлол» дар таърихи 12-уми сентябр ағбаи Анзоб барои рафтуои нақлиёт расман кушода мешавад.
Сардори муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербуттаев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки барои таъмини равуои мусофирон ва интиқоли молу бор аз минтақаи ҷануб ба шимоли ҷумҳурӣ ағбаи Анзоб аз 12-уми сентябр расман барои ҳаракати нақлиёт кушода мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ба иллати идомаи корҳои бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ ронандагонро лозим меояд, реҷаи муайяни муқаррашудаи ҳаракатро тавассути ағбаи Анзоб риоя намоянд.


