Раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Хатлон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба ҳукумат эълони афвро пешниҳод сохт

Қӯрғонтеппа. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Хатлон Қаландар Садриддинов ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба ҳукумат эълони афвро пешниҳод сохт. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши вилоятии ҳизб изҳор дошт, ки кишварҳои мусулмонӣ дар ин моҳ барои шаҳрвандони худ афви умумӣ эълон мекунанд. «Соли […]

Сайраҳмон Назриев


Қӯрғонтеппа. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Хатлон Қаландар Садриддинов ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба ҳукумат эълони афвро пешниҳод сохт.




Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши вилоятии ҳизб изҳор дошт, ки кишварҳои мусулмонӣ дар ин моҳ барои шаҳрвандони худ афви умумӣ эълон мекунанд. «Соли равон ҳатто Исроил дар пешорӯи моҳи шарифи Рамазон шаш нафар мусулмонони гаравгон гирифташударо озод намуд, – гуфт ӯ. – Хеле хуб мешуд, агар ҳукумати Тоҷикистон низ ба чунин иқдом даст мезад ва мо имкон пайдо мекардем, ки аз президент дархост намоем, то аъзои ҳизби моро, ки ба иттиҳоми узвият дар равияҳои мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, афв карда шаванд».



Қ.Садриддинов зикр кард, ки аз шумораи мушаххаси зиндониёне, ки аъзои ҳизб ҳастанд, огоҳ нест, вале таъкид сохт, ки «ба ҳар ҳол, шумораи онҳо кам нест».




 



 




 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.