Ташкили гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои СААД дар Осиёи Марказӣ

Date:


Душанбе. 13-уми август. – «Дар сурати розигии ҳамаи кишварҳо мо хоҳони он ҳастем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои амнияти дастаҷамъиро дошта бошем ва ин гурӯҳ аз нерӯҳои чаҳор кишвари минтақа(Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) ва Русия иборат хоҳад буд», – гуфт ӯ.

 





Дабири кулли созмон қайд кард, ки имкон дорад, дар минтақа гурӯҳи бузурги нерӯҳои амнияти дастаҷамъӣ ташкил гардад ва ин гурӯҳ пеш аз ҳама, бояд бо назардошти муташанниҷии вазъ дар Афғонистон суботи сиёсиро дар минтақа таъмин созад.



«Бояд даҳ баталёни нерӯҳои дастаҷамъии фаврии зудамал асоси нерӯҳои панҷгонаро ташкил диҳанд», – афзуд Н.Бордюжа. Ба гуфтаи ӯ, қарори таъйини шумора ва фаъолияти минбаъдаи ин нерӯҳоро намояндагони кишварҳои созмон пас аз қабули қарори сиёсӣ мушаххас хоҳанд кард.



Ба ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...