Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фармон , аз ҷумла хизматҳои таърихии фарзанди барӯманди
халқи тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динӣ-ҳуқуқии ӯ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии
миллӣ қайд карда шудааст.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар мӯҳлати ду моҳ барои амалӣ намудани Фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Маълумотнома:
Барои суннимазҳабон Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибни Собит машҳур ба Имоми Аъзам (699—767)
донишманди забардасти илми фиқҳ ва ҳадис, пешво ва имоми аъзам шуморида мешавад. Вай мувофиқи тақозои замон ва макон амал карданро яке аз фаризаҳои асосии ислом медонист. Имоми Аъзам дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоъӣ ғайр аз дастури китоби муқаддас, суннатҳо боз ба фикру андешаи мардум (иҷмоъ), назариёти шахсони фозилу барӯманд, қиёс, далел ва мантиқ ва қазовати солим такя мекард.
Бо саъю кӯшиши Абӯ Ҳанифа ва пайравони мактаби мазҳабии вай ислом барои мардуми Эрон мувофиқ ва созгор гардонда шуда буд ва ба ин васила дар байни онҳо интишор ёфта ва аз пуштибонии васеъ бархӯрдор гардид ва ҷузви лоянфаки ҷомеаи эронӣ шуморида шуд. Аммо он чи ки Имоми Аъзамро бузург ва барҷаста гардонидааст, иборат аз он аст, ки вай дар як замони пуршиддати таъсуботи қавмӣ ва забонии арабҳо аз забони форсии дарӣ пуштибонӣ ба амал оварда буд ва онро забони дину ойин, таъбиру тафсир ҳукм намуд. Забони форсӣ соҳиби таърихи бостонӣ буд, ҳатто рӯҳониёни араб ҳам эътироф карда буданд, ки Иброҳим ва писараш Исмоил ба форсӣ сӯҳбат мекардаанд, дар аҳодиси набаввӣ форсӣ забони аҳли биҳишт дониста шудааст. Дар хилофати ислом ҳам тамоми коргузории идории халифаҳои ислом то соли 700 мелодӣ ба форсӣ сурат мегирифт. Вақте ки таъқибу фишор ва арабигардонӣ дар хилофати Умавиҳо шиддат гирифт, Имоми Аъзам боз ҳам аз худ ҷасорат, мардонагӣ ва фидокорӣ нишон дода, забони форсии модарии худро забони расмии динӣ эълон намуда буд. Вилояти Парвон дар шимоли Кобул зодгоҳи вай шумурда мешавад. Вақте ки Имоми Аъзам дар муқобили таъассуби шадиди арабҳо форсиро дар паҳлӯи забони арабӣ забони дину ойин эълон кард, бо ин иқдоми ҷасуронаи худ вай на танҳо миллати эронии худро аз маҳвшавӣ наҷот дод, балки мардумони Қафқоз, канораҳои Волга, туркҳо, ҳиндуҳо, чиниҳо, индонезиҳо, малазиягиҳоро, ки баъдан ба ислом гаравиданд, аз сарнавишти талхи мусулмонони қисмати ғарбии хилофати араб раҳоӣ бахшид.


