ВКД: Ба гумони узвият ба гурӯҳи қочоқбарони Сӯҳроб Лангариев аллакай 21 шаҳрванди Тоҷикистону Афғонистон боздошт шуданд

Аваз Юлдошев

            Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз ба гумони узвият дар гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддири сокини Кӯлоб Сӯҳроб Лангариев 21 шаҳрванди Тоҷикистон ва Афғонистон боздошт шудаанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.             «Корҳои тафтишотии парвандаи ҷиноии мазкур дар арафаи анҷомёбианд ва ояндаи наздик гунаҳкорон назди […]



           

Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз ба гумони узвият дар гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддири сокини Кӯлоб Сӯҳроб Лангариев 21 шаҳрванди Тоҷикистон ва Афғонистон боздошт шудаанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.





           

«Корҳои тафтишотии парвандаи ҷиноии мазкур дар арафаи анҷомёбианд ва ояндаи наздик гунаҳкорон назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт», – изҳор дошт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки 27-уми майи соли

ҷорӣ


Сӯҳроб Лангариеви 29-сола зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст. Ӯ ба яке аз шабакаҳои фаромиллии интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.

 





Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз тафтиши якчанд ҳодисаи убури ғайриқонунии сарҳад бо мақсади паҳн кардан ва фурӯши маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз пайи ҷустуҷӯи С.Лангариев шуданд.



Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони ҳар ду кишвар гурӯҳи фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият дошт. Яке аз чунин шабакаҳои интиқоли маводи мухаддирро маҳз Сӯҳроб Лангариев роҳбарӣ мекард, ки аз соли 2002 барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

11 сол зиндон ба сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб. Ӯ барои тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ гумонзад буд

Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.