Соли равон муомилоти молии Тоҷикистону Эрон се маротиба афзуд

Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст мулоқот орост. Сарёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, ки мулоқот бо ибитикори дипломати эронӣ доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо зикр карданд, ки дар шаш моҳи […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст мулоқот орост. Сарёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, ки мулоқот бо ибитикори дипломати эронӣ доир гардид.




Дар мулоқот ҷонибҳо зикр карданд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эрон се маротиба афзудааст. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар рушди боз ҳам бештари муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ робитаҳои парлумонӣ метавонанд мусоидат намоянд.



Ба гуфтаи Ш.Саидов, М.Убайдуллоев гуфтааст, ки ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак бо истифода аз технолдогияҳои муосир пуштибонӣ хоҳад кард. «Аз ҷумла, ӯ қайд кард, ки ширкатҳои эронӣ имкон доранд ба рушду инкишофи зерсохтори бахши сайёҳии тоҷик саҳм гузоранд ва барои роҳандозии чунин фаъолият шароитҳои мусоид ва заминаи ҳуқуқии қобили қабул муҳайёст. «Айни замон барои густариши фаъолияти соҳибкорӣ тибқи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ масъалаи ҷорӣ сохтани як қатор имтиёзҳо дар ҳоли баррасӣ аст», – таъкид кард М.Убайдуллоев.



А.Шеърдӯст аз М.Убайдуллоев даъват ба амал овард, ки бори навбатӣ бо боздиди расмӣ ба Эрон ташриф оварад.





 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.