Дар марзи се кишвар заминларза рух дод

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин заминларза рух дод. Заминларза соати 20-у 53 дақиқаи вақти Душанбе ба амал омад. Мувофиқи маълумоти пойгоҳи зилзиласанҷии Душанбе, маркази он дар масофаи 450 километрии самти шимолу шарқии пойтахти ҷумҳурӣ воқеъ буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан

 

6,5 баллро ташкил дод. Қувваи зилзила дар Душанбе 3,4 ва Хоруғ 4,5 баллро ташкил додааст.





           

Дар бораи осебдидагон ва хисороти молӣ маълумоте дастрас нашудааст. Дар ҳамин ҳол, дирӯз тақрибан соатҳои 13-у 28 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод, ки маркази он дар масофаи 143 километрии самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе (водии Рашт) ҷойгир буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан

 

4-5 балл, дар Ғарм – 4 балл ва дар шаҳри Душанбе – 3 баллро ташкил дод.




           

Бино ба иттилои сомонаи интернетии радиои «Озодӣ», шаби гузашта чанд заминларза Афғонистон ва Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистонро таккон дод. Дар бораи кадом хисороти моливу ҷонии ин заминларзаҳо то ҳол гузориш нашудааст. Пажӯҳишгоҳи заминшиносии Амрико мегӯяд, зилзилаи қариб шашбалӣ Афғонистонро соати севуними субҳ таккон дод ва марказаш 70-километрии ҷануби Кобул буд.



Қаблан ин марказ ду заминларзаро дар ҷануби Қирғизистон сабт карда буд, ки яке наздики соати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ бо иқтидори 6,6 балл дар 50-километрии шарқи Қароқӯли Тоҷикистон ва дуввумӣ бо андаке фосила дар 60-километрии Саритош мушоҳида шудааст. Ҳамагӣ баъд аз чанд дақиқаи ин зилзила як заминҷунбии дигар бо иқтидори 5,7 балл дар вилояти Шинҷони Чин сабт шудааст.

 

Ва зилзиланигорони амрикоӣ соати дувоздаҳуним як зилзилаи панҷбаллиро дар айни минтақа дар вилояти Ӯши Қирғизистон сабт кардаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.