Мақомоти додгоҳии кишварҳои узви ИДМ Маркази ҳамкории муштараки иттилоотиву ҳуқуқӣ созмон медиҳанд

Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри Пленуми Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки мақомоти олии ҳайати мушовараи он маҳсуб мегардад, баргузор шуд. Пленум таҳти раёсати роҳбари Додгоҳи иқтисодии ИДМ, раиси Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон Файзулло Абдуллоев доир гашт. Аз Додгоҳи иқтисодии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри Пленуми Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки мақомоти олии ҳайати мушовараи он маҳсуб мегардад, баргузор шуд. Пленум таҳти раёсати роҳбари Додгоҳи иқтисодии ИДМ, раиси Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон Файзулло Абдуллоев доир гашт.




Аз Додгоҳи иқтисодии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар пленум масоили ҷараёни ислоҳоти фаъолияти Додгоҳи иқтисодии ИДМ, татбиқи амалии Консепсияи минбаъдаи рушди ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии он, ки бо қарори сарони кишварҳои узви иттиҳод аз 5-уми октябри соли 2007 қабул шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Иштирокдорони пленум пешниҳоди Додгоҳи иқтисодии ИДМ дар бораи созмон додани Маркази ҳамкории муштараки иттилоотиву ҳуқуқии мақомоти додгоҳии ИДМ-ро маъқул шумориданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.