Дар Душанбе комиссияҳои назорати истифодаи оқилонаи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ташкил карда шуданд

Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт комиссияҳои назорати истифодаи оқилонаи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ташкил карда шуданд, ки ба ҳайати он муовинони раиси шаҳр, намояндагони вакилони халқи шаҳр, ш ӯ рои маҳаллаҳо, мақомоти дахлдори шаҳр ӣ ва намояндагони р ӯ ҳониён шомил гаштанд.             Сухангӯи […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт комиссияҳои назорати истифодаи оқилонаи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ташкил карда шуданд, ки ба ҳайати он муовинони раиси шаҳр,


намояндагони вакилони халқи шаҳр, ш


ӯ


рои маҳаллаҳо, мақомоти дахлдори шаҳр


ӣ


ва намояндагони р


ӯ


ҳониён шомил гаштанд.





           

Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мувофиқи ин қарор ҳамаи субъектҳои хоҷагидории шаҳри Душанбе вазифадор карда шудаанд, ки чунин комиссияҳо ташкил дода, фаъолияти самараноки онро таъмин намоянд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар байни ноҳияҳои пойтахт барои дар сатҳи беҳтарин ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи барқу газ, оби нӯшокӣ ва пардохти саривақтии маблағи он дар соли 2009 озмун эълон карда шуд ва ғолиб соҳиби 15 ҳазор сомонӣ хоҳад гашт.



Чанде қабл

 

дар ҷаласаи назоратии шаҳрдорӣ мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода дар шаҳри Душанбе реҷабандии истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ нахоҳад гашт. «Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ин хусус ба мақомоти дахлдор супориш дод», – гуфт ӯ.



Дар ҷаласа оид ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, газ ва об дар мавсими тирамоҳу зимистон ва сари вақт пардохтани музди истифодаи он ба аҳолии пойтахт муроҷиатнома қабул карда шуд.



М.Убайдуллоев таъкид сохт, ки бояд дар байни сокинони шаҳр ва хадамоти шаҳрӣ оид ба таъмини мардум бо нерӯи барқ, газ ва об созишнома ба имзо расад, ки дар он масъулияти ҷонибҳо мушаххас бошад ва дар сурати вайрон кардани шартнома, ҷониби ҷабрдида метавонад ба додгоҳ муроҷиат намояд.



Дар ҷаласа дар бораи то ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани истифодаи нерӯи барқ дар фаввораҳои шаҳр, таҷҳизоти равшанидиҳии боғҳои фароғату истироҳат, хиёбонҳо ва лавҳаҳои рекломи берунӣ пешниҳодот карда шуданд.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.