Донишҷӯдухтари тоҷик дар озмуни байнулмилалӣ бахшида ба эҷодиёти Чингиз Айтматов сазовори Шоҳҷоиза гашт

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Донишҷӯи соли дуввуми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Фотима Эгамназарова дар озмуни байнулмилалӣ бахшида ба эҷодиёти Чингиз Айтматов сазовори Шоҳҷоиза гашт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон хабар доданд, иншои донишҷӯдухтари тоҷик дар жанри эҷодиёт баҳои баландтарини ҳайати ҳакамони озмунро […]


Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Донишҷӯи соли дуввуми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Фотима Эгамназарова дар озмуни байнулмилалӣ бахшида ба эҷодиёти Чингиз Айтматов сазовори Шоҳҷоиза гашт.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон хабар доданд, иншои донишҷӯдухтари тоҷик дар жанри эҷодиёт баҳои баландтарини ҳайати ҳакамони озмунро сазовор шудааст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар озмун ба ҷуз донишҷӯдухтари тоҷикистонӣ, намояндагони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Арманистон, Белорус, Озарбойҷон, Украина ва ҳафт вилояти Қирғизистон низ ширкат варзидаанд. «Озмун ба муносибати нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки фардо дар шаҳри Бишкек шурӯъ мешавад, доир гардид», – афзуд манбаъ.



Лозим ба тазаккур аст, ки Фотима Эгамназарова соли гузашта тибқи квотаи президентӣ донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон гардида буд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.