Сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон аз Рашту Бадахшон боздид мекунад

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Грем Лотен дар як ҳайати иборат аз кормадони сафорат ва хабарнигорон боздиди худро аз водии Рашт шурӯъ кард. Ин сафар то 14-уми октябр идома хоҳад кард ва дар ин муддат ҷараёни иҷрои тарҳҳои созмонҳои ҷамъиятии маҳаллие, ки аз ҷониби сафорат маблағгузорӣ мешаванд, мавриди санҷиш қарор […]

ozodi.org


Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Грем Лотен дар як ҳайати иборат аз кормадони сафорат ва хабарнигорон боздиди худро аз водии Рашт шурӯъ кард. Ин сафар то 14-уми октябр идома хоҳад кард ва дар ин муддат ҷараёни иҷрои тарҳҳои созмонҳои ҷамъиятии маҳаллие, ки аз ҷониби сафорат маблағгузорӣ мешаванд, мавриди санҷиш қарор мегирад.




Дар паи Рашт ҳайати сафорат ба Бадахшон меравад

 

ва бо вазъи сохтмонҳои баъзе посгоҳҳои марзӣ воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки бо пули сафорат таъмир шудаанд, шинос хоҳад шуд. Дар иттилоияи сафорат аз қавли Грем Лотен омадааст, ки бино ба як масъалаи ҷаҳонӣ будани қочоқи маводи мухаддир, ҳалли мушкили ҷилавгирӣ аз он бояд дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шавад.




 

Дар ин иттилоия гуфта мешавад, ки сафорати Бритониё аз апрели соли 2005 то декабри соли 2006

 

ба маблағи 2 миллион Евро тарҳҳои

 

мухталифи марбут ба мудирияти марз ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир дар вилояти Бадахшонро маблағгузорӣ кардааст. Кӯмаки нави сафорат ба маблағи 500 ҳазор фунт стерлинг (ҳудудан як миллион доллари амрикоӣ)

  

навсозии посгоҳҳои марзиро дар назар мегирад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.