ИДМ Гурҷистонро аз узвияти иттиҳод хориҷ кард

ИТАР-ТАСС

            Душанбе. 9-уми октябр – Аз моҳи августи соли 2009 Гурҷистон аз узвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хориҷ карда мешавад. «Оид ба қатъи узвияти Гурҷистон дар ҳайати ИДМ қарори техникӣ қабул карда шуд», – изҳор дошт имрӯз вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.             С.Лавров афзуд, ки ба мақомоти марбута оид ба ҳаллу фасли ӯҳдадориҳои […]



           

Душанбе. 9-уми октябр – Аз моҳи августи соли 2009 Гурҷистон аз узвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хориҷ карда мешавад. «Оид ба қатъи узвияти Гурҷистон дар ҳайати ИДМ қарори техникӣ қабул карда шуд», – изҳор дошт имрӯз вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.





           

С.Лавров афзуд, ки ба мақомоти марбута оид ба ҳаллу фасли ӯҳдадориҳои доштаи Гурҷистон тибқи созишномаҳо супоришоти мушаххас дода шудааст. «Ҳамчунин оид ба қатъ кардани фаъолияти нерӯҳои дастаҷамъона оид ба таъмин субот дар Абхазистон, ки дар доираи ИДМ ташкил шуда буданд, низ қарори дахлдор қабул гардид», – гуфт вазири умури хориҷии Русия.




           

С.Лавров аз хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати ИДМ изҳори таассуф намуда, зикр кард, ки «ҳарчанд Гурҷистон дар қабули қарор мустақил бошад ҳам, муносибатҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ИДМ

 

барои ҳама давлатҳо муфид аст».




           

Номбурда дар масъалаи хориҷ шудани Украина аз ҳайати ИДМ чунин баён дошт: «Украина дар ин хусус ҳарфе назадааст ва ман фикр мекунам, ки Украина ният дорад, иштироки худро дар фаъолияти иттиҳод бештар густариш диҳад».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

“Манбаи иттилои боэътимод!” Сокинон “Азия-Плюс”-ро чӣ гуна мешиносанд?

Инак, 30 сол мешавад, ки “Азия-Плюс” дар пайи инъикоси...

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?