Дар ҷануби Тоҷикистон ширкати чиноӣ корхонаи пуриқтидори истеҳсоли семент бунёд месозад

            Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Данғара корҳои иктишофӣ ва заминшиносӣ дар мавзеи бунёди корхонаи истеҳсоли семент аз ҷониби ширкати чиноии «Сюан-Юан» ба анҷом расиданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати идораи масолеҳи сохтмони Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Маҳмадҷон Охонов хабар дод, айни замон дар вазорат ҳисоботи корҳои гузарондаи […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Данғара корҳои иктишофӣ ва заминшиносӣ дар мавзеи бунёди корхонаи истеҳсоли семент аз ҷониби ширкати чиноии «Сюан-Юан» ба анҷом расиданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати идораи масолеҳи сохтмони Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Маҳмадҷон Охонов хабар дод, айни замон дар вазорат ҳисоботи корҳои гузарондаи иктишофӣ ва заминшиносии ширкати чиноӣ дар мавзеи сохтмон мавриди омӯзиш қарорр доранд ва ояндаи наздик бунёди иншоот шурӯъ хоҳад шуд.




           

Ба қавли намояндаи вазорат, иқтидори корхона истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як солро ташкил хоҳад дод ва бо назардошти интихоби технология сохтмони он аз 120 то 180 млн. доллари амрикоиро талаб хоҳад кард. Мӯҳлати иҷрои лоиҳа бо сармоягузории пурраи ҷониби Чин 30 моҳро дар бар мегирад.



 


Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои


ҷ


умҳур


ӣ


иттилоъ доданд, ки талаботи


ҷ


умҳур


ӣ


ба семент ҳамасола 40 дарсад зиёдтар мешавад ва айни замон он ба 1,5 млн. тонна семент дар як сол арзёб


ӣ


мешавад. Ягона корхонаи бузурги истеҳсоли сементи кишвар «То


ҷ


иксемент» бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. тонна семент дар як сол ба иллати фарсудашавии та


ҷ


ҳизотҳо соле то 500 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад ва барои қонеъ сохтани талабот, ин масолеҳи зарурии сохтмон


ӣ


аз хори


ҷ


и кишвар ба


ҷ


умҳур


ӣ


ворид карда мешавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.