Мақомоти шаҳрдории Душанбе ду бинои серошёнаи аз инфиҷори гази табиӣ зарардидаро пурра барқарор сохт

Аваз Юлдошев

                Душанбе. 9-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Душанбе ду бинои серошёнаеро, ки ахири соли гузашта бар асари инфиҷори гази табиӣ зарар дида буданд, пурра барқарор сохт             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, аз буҷаи шаҳр барои барқарор сохтани хонаҳои маҳаллаи Зарафшон 376 […]




 




 




           

Душанбе. 9-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Душанбе ду бинои серошёнаеро, ки ахири соли гузашта бар асари инфиҷори гази табиӣ зарар дида буданд, пурра барқарор сохт




           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, аз буҷаи шаҳр барои барқарор сохтани хонаҳои маҳаллаи Зарафшон 376 ҳазору 949 сомонӣ ва кӯчаи Неъмат Қаробоев 483 ҳазору 736 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.



«Ҳамчунин ба истиқоматкунандагони хонаҳои зарардида маблағи ҷубронпулии амволи аз дастрафтаашон низ пардохта шуд», – афзуд Ш.Саидов.



Ёдрас мекунем, ки ахири соли гузашта дар маҳаллаи Зарафшон ва кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе бар асари таркиши гази табиӣ манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар дида буданд. Бар асари ин таркишҳо ду нафар ба ҳалокат расида буд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷетро тасарруф кард”. Сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст

Додгоҳи ноҳияи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷа гумонзад мешуд, ба 11...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.