Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо таҷлили ҷашни Рӯзи Фалак табрик кард

Date:


Душанбе. 18-уми октябр – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони ҷумҳуриро бо таҷлили ҷашни Рӯзи Фалак табрик кард. Дар табрикоти сарвари давлат, аз ҷумла гуфта мешавад»





          

«Ҳамватанони азиз!




           

Санъати мусиқии халқи то


ҷ


ик таърихи бостон


ӣ


ва рангину пурғановат дорад.


Имрўз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза


ҷ


аҳони маънав


ӣ


ва завқи зебописандии муосиронро

 

сайқали тоза мебахшанд.




           

Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ган


ҷ


инаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдўсти мо ёдгор мондаанд.




            

Фалак ҳам аз нигоҳи ҳа


ҷ


м ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати баде


ӣ


, аз


ҷ


умла беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва та


ҷ


ассумгари рўҳи озод ва орзуву омоли халқи то


ҷ


ик меномем.




           

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон мардуми мо намунаву суннатҳои беҳтарини адабиёт ва фарҳангу ҳунари хешро ар


ҷ


гузор


ӣ


ва эҳтиром мекунанд.




          

Ин

 

далели он аст, ки қофилаи шеъру мусиқ


ӣ


ҳамвора баёнгари тақдир ва та


ҷ


ассумгари зиндагии халқи то


ҷ


ик дар шебу фарозҳои зиндаг


ӣ


мебошад.




           

Мусиқ


ӣ


дар тўли асрҳо рисолати таърихии хешро ба ҳайси ифодагари маънавиёту ахлоқ, зимни вижагиҳою рангомезии лаҳнияш аз замони бостон то кунун и


ҷ


ро кардааст. Аз сарчашмаҳои таърих


ӣ


бармеояд, ки маҳфуми Фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рўзгор, сарнавишт ва амсоли ин будааст.




           

Ин


ҷ


ост, ки имрўз жанри мусиқии классикии Фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунар


ӣ


дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо


ҷ


илову садои хеш танинандоз гардидааст.




            

Мо, ворисони ин ган


ҷ


и бебаҳои маънавии ниёгон, бояд онро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳанг


ӣ


ҳифз намуда, баҳри рушду нумўи жанру мўҳтавои он кўшиш намоем.




           

Мардуми шарифи То


ҷ


икистонро бо Рўзи Фалак табрик гуфта, ба тамоми аҳли фарҳангу ҳунар дар


ҷ


одаи э


ҷ


оди асарҳои баландмазмуну


ҷ


олиб дастовардҳои беназир орзу менамоям.




           

Бигзор ворисони Фалакро садои гўёи фалак раҳнамо


ӣ


намояд ва чароғи қалби ҳаводорону офарандагони ин санъати нафису тавоно доимо фурўзон бошад!».


Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related