Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон Марина Ежова ба рӯзноманигорон хабар дод, ки ҳукумати Русия тартиби қабули шаҳрвандии Русияро барои ҳамватанони бурунмарзӣ, ки тибқи барномаи муҳоҷират ба Русия кӯч мебанданд, осонтар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, 1-уми октябри соли ҷорӣ президенти Русия Дмитрий Медведев қонунеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он, иштирокчиёни ин барнома акнун бидуни зиндагии ҳатмии 5-сола дар қаламрави Русия, тасдиқи сарчашмаи даромад ва донистани забони русӣ метавонанд шаҳрванди Русия шаванд.
Тибқи маълумоти М.Ежова, аз моҳи сентябри соли гузашта то аввали моҳи октябри соли равон тибқи барномаи муҳоҷирати ҳамватанони бурунмарзӣ 114 оила (368 нафар) аз Тоҷикистон ба вилоятҳои Калининград, Калуга ва Липетски Русия кӯч бастаанд.


