Намояндаи махсуси ИА: Танҳо бо роҳандозии амалиёти низомӣ ё муҷозоти чанде аз қочоқчиён ба чизе муваффақ нахоҳем шуд

Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Ҳамаи шахсони калидие, ки ҷавобгӯи амнияти ҷаҳонанд, имрӯз дар дар конфронси байнулмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Душанбе ҷамъ омаданд ва ман бар он назарам, ки худи ҳамин нукта дстоварди нахустини ин […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Ҳамаи шахсони калидие, ки ҷавобгӯи амнияти ҷаҳонанд, имрӯз дар дар конфронси байнулмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Душанбе ҷамъ омаданд ва ман бар он назарам, ки худи ҳамин нукта дстоварди нахустини ин конфронс аст», – изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ва вазъи бӯҳронии Гурҷистон Пйер Морел. П.Морел боварӣ изҳор намуд, ки дар конфронси Душанбе давои табобати бемориҳое чун муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ дарёфт хоҳад шуд.




Ба гуфтаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо, талошҳои ҷомеаи ҷаҳон барои мубориза алайҳи қочоқи мухаддир аз Афғонистон бидуни иштироки ҳукуматҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли ин мушкилот натиҷаи дилхоҳ ба бор нахоҳад овард.



«Агар кишварҳои мададрасон ҷиҳати рушди иқтисоди Афғонистон ва кишварҳои дигари ҳамҷавори минтақа кӯшиши зиёд ба харҷ надиҳанд, танҳо бо роҳандозии амалиёти низомӣ ё муҷозоти чанде аз қочоқчиён ба чизе муваффақ нахоҳанд гашт», – гуфт ӯ.

 






 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.