Ӯзбекистон Эъломияи Душанбе оид ба шарикӣ дар бахши идораи марзҳоро имзо накард

            Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Эъломияи шарикии конфронси «Идораи марзҳо ва назорати маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ»-ро, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт, аксарияти иштирокдорони конфронси мазкур маъқул шумориданд.             Тавре сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон полковник Фахриддин Ҷонмаҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар Эъломия, аз […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Эъломияи шарикии конфронси «Идораи марзҳо ва назорати маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ»-ро, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт, аксарияти иштирокдорони конфронси мазкур маъқул шумориданд.





           

Тавре сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон полковник Фахриддин Ҷонмаҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар Эъломия, аз ҷумла гуфта мешавад: «Мо саъйу талошамонро ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ дар беҳбуди идораи марзҳо ва назорат аз болои маводи мухаддир изҳор дошта, ба иқдомоти пшгирифта дар ин самт ҳамеша мусоидат хоҳем кард».




           

Дар Эъломия зикр гардидааст, ки кишварҳои иштироккунандаи конфронс ташаббусҳои зоҳиргашта баҳри таҳкими идораи марзҳо ва назорат аз болои маводи мухаддирро, ки бар асоси созишномаҳои шарикӣ ва чорабиниҳои муштарак дар чаҳорчӯбаи статегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, Стратегияи минтақавии СММ оид ба ҷинояткорӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои кишварҳои минтақа ва Афғонистон, тадбирҳои САҲА, СААД, ИДМ ва СҲШ ба тасвиб расидааст, мақул шуморида, онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.




           

«Танҳо ҳайати Ӯзбекистон изҳор дошт, ки матни Эъломия ба онҳо чанде қабл аз баргузории конфронс дастрас шудааст ва ба иллати камии вақт натавонистаанд, ки онро ҳамаҷониба бараасӣ кунанд, – идома дод манбаъ. – Аз ин рӯ, онҳо дар баррасии эъломия ҳузур надоштанд ва тасвиби онро низ мавқуф гузоштанд».




           

Ба қавли Ф.Ҷонмаҳмадов, тасвиби Эъломияи Душанбе озоду кушод буда, ҳар кишвари хоҳишманд ё созмони байнулмилалӣ метавонад онро дар вақти дилхоҳ ба имзо расонад.

   



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.