Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади дастгирӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани он, бо назардошти баланднамоии дастрасии намудҳои бештар дархостшавандаи қарзҳо, Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» аз 1-уми ноябри соли 2008 дар меъёрҳои қарздиҳӣ чунин тағйирот ворид менамояд:
– меъери баландтарини фоизи қарзҳои кӯтоҳмуддат ба мизоҷон дар Бонки марказии ҶСК «Ориёнбонк» бо арзи миллӣ 24% ва бо асъори хориҷӣ 22 % солона;
– дар филиалҳои сохтори ҶСК «Ориёнбонк» фоизи додани қарзҳои кӯтоҳмуддат ба мизоҷон бо арзи миллӣ 26% солона ва бо асъори хориҷӣ 24% солона муайян карда шавад.
Фоизҳои нави қарздиҳие, ки ҶСК «Ориёнбонк» пешниҳод менамояд, барои рушди минбаъдаи фаъолнокии истеъмолӣ, баландгардонии сатҳи зиндагӣ ва васеъ намудани имкониятҳои иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон асос мегузорад.
Иттилооти муфассал оиди меъёрҳои нави фоизии қарздиҳие, ки аз 1-уми ноябри соли 2009 амал менамоянд, дар қисмҳои сохтории ҶСК «Ориёнбонк» дастрас намудан мумкин аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии бонки мазкур хабар доданд.


