Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Пешрафти соҳаи кишоварзиро бе таъмини техника, қисмҳои эҳтиёт
ӣ
ва сузишвор
ӣ
тасавур кардан мумкин нест.
Инро ба назар гирифта, бо қарори
Ҳукумати
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон аз 30-уми ноябри соли 2007 КВД «То
ҷ
икагролизинг» таъсис дода шуд ва
8 млн. сомон
ӣ
аз ҳисоби маблағҳои бу
ҷ
ав
ӣ
барои хариди техникаи кишоварз
ӣ
ҷ
удо гардид.
Дар давоми 9-моҳи соли
ҷ
ор
ӣ
тариқи ин корхона ба маблағи 7,7 млн. сомон
ӣ
, 172 адад трактор ва мошинолот ба
ҷ
умҳур
ӣ
ворид гардид. Инчунин корхона бо 64 хо
ҷ
агиҳои деҳқон
ӣ
шартномаи лизинг
ӣ
баста, зиёда аз 150 мошинолотҳоро метавонад ба
ҷ
умҳур
ӣ
ворид созад.
Корхонаи воҳиди давлатии «То
ҷ
икагролизинг» ба наздик
ӣ
дар
ноҳияҳои Р
ӯ
шон, Мурғоб, Ишќошим, Қалаихум ва Роштқалъаи вилояти Бадахшони К
ӯ
ҳ
ӣ
Маркази таъмини техника (МТС)
ташкил намуд, ки дар ин марказҳо тракторҳои тамғаҳои МТЗ-82,То
ҷ
ирон, плуг, испор ва дигар намуди мошинолотҳои соҳаи кишоварз
ӣ
тариқи лизинг ба фур
ӯ
ш бароварда шудааст. Чунин Марказ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон низ таъсис дода шудааст.
Тибқи нақшаи Корхонаи воҳиди давлатии «То
ҷ
икагролизинг», дар р
ӯ
зҳои наздик дар 5 ноҳияи водии Рашт низ Маркази таъмини техника (МТС)-ҳо ташкил арда мешавад. Дар ин бора аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


