Душанбе. 5-уми ноябр
– 29 октябри соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тасдиқ карда шуд. Ин муассиса шабакаи нави телевизионӣ буда, бо мақсади таҳкими фазои иттилоотии кишвар таъсис ёфтааст ва шабонарӯзӣ 24 соат барнома пахш хоҳад кард. Имрӯз дар остонаи таҷлили Рӯзи қабули Сарқонуни мамлакат ин шабакаи телевизионӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон директори шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» Абдумаҷид Усмонов таъин гардидааст. Мавсуф то ин вақт ба ҳайси муовини раиси шабакаи телевизионии «Сафина» ифои вазифа мекард. Муовини мудири шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо», сармуҳаррири собиқи идораи иттилоотии «Ахбор»-и шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон – Сӯҳроб Рауфов таъин шудааст.


