Сарвари давлат ба кори агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» оғоз бахшид

Date:



           

Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.





           

Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сохтмони ин иншоот ҳанӯз дар даврони шӯравӣ шурӯъ гардида, вале бо сабабҳои маълум ба муддати якчанд сол мавқуф гузошта шуда буд.




           

Сарвари давлат ҳамчунин баён дошт: «Хушбахтона, пас аз ба имзо расидани созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия сохтмони он идома ёфт ва ин иншоот лоиҳаи бузургтарини сармоягузорӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки бо иштироки маблағгузории Русия ва ширкатҳои он амалӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҳамкории густарда ва шарикии стратегии кишварҳо гувоҳӣ медиҳад».




           

Ба гуфтаи сарвари давлат, аз оғози ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳ, дар ин ҷо 840 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки баҳри бартараф сохтани норасоии барқ дар ҷумҳурӣ як каме бошад ҳам, мусоидат намудааст.




           

«Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳ, истифодаи босамару оқилонаи захоири обӣ хубтар ба нақша гирифта шуда, таъмини боэътимоди низоми энергетикии ҷумҳурӣ беҳтар хоҳад шуд», – таъкид сохт Э.Раҳмон ва афзуд, ки бо ба кор даромадани агрегати чоруми нерӯгоҳ иқтидори он ба истеҳоли 2,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад шуд.




           

Дар суханронии худ Э.Раҳмон бори дигар таъкид сохт, ки Тоҷикистон ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ афзалияти бештар дода, таваҷҷӯҳи хос зоҳир месозад ва татбиқи лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дурустии сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти ҷумҳуриро дар ин самт собит меозад.






Маълумотнома:





Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...