СААД бар зидди қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа, муҳимот ва маводи тарканда мубориза хоҳад бурд

Date:


Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар гурӯҳи кории мутахассисони Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир ба баргузории маҷмӯи чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа, муҳимот ва маводи тарканда тасмим гирифта шуд.




Тавре хадамоти матбуоти созмон хабар медиҳад, дар чаҳорчӯбаи фаъолияти созмон муддати се сол аст, ки амалиёти алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунии «Муҳоҷири ғайриқонунӣ» ва зидди қочоқи маводи мухаддир таҳти унвони

 

«Роҳҳои интиқол» гузаронида мешавад.



Дар амалиёти «Роҳҳои интиқол» ба ҷуз кишварҳои узви созмон, боз наздики 20 давлати дигар иштирок доранд.



Ёдовар мешавем, ки соли 2007 дар қаламрави кишварҳои узви СААД 1,5 ҳазор адад силоҳи оташфишон ва беш аз 25 ҳазор муҳимот мусодира карда шуд. Ба ҳайати СААД кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...