Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ҷиҳати бунёди ду анбори гумрукӣ ба вазорати кишоварзӣ кӯмак хоҳад кард

Date:



           

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо ҳайати намояндагони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо масоили рушди соҳаи пахтакории кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба ҳайати намояндагони бонк президенти «Вока консулт» Красимир Киряков, мушовир Лилия Велчева ва таҳлилгар Муҳаммад Додобоев шомиланд.





           

Тавре сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, зимни мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ изҳор доштааст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор Маркази идораи лоиҳаҳои ҳалли қарзи хоҷагиҳо ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ таъсис додааст. Дар ин лоиҳаҳо ҷалби сармояҳои хориҷӣ ҷиҳати таҳияи асноди таъсиси анборҳои гумрукӣ пешбинӣ шудааст ва сафари намояндагони бонк низ бо ҳамин мақсад амалӣ мегардад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот зикр гардидааст, ки барои ташкили анборҳои гумрукӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон биноҳо ҷудо карда шуданд ва соли оянда кушода гардидани онҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин анборҳо нахи пахта нигаҳҳдорӣ хоҳад шуд. Қ.Қосимов изҳори боварӣ намудааст, ки барои нигаҳдории дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ низ чунин анборҳо сохта хоҳанд шуд.




           

Намояндагони бонк тӯли як ҳафта бо биноҳои ҷудогардида барои ташкили анбор аз наздик ошно хоҳанд шуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...