Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ва сафири Исроил дурнамои густариши ҳамкориҳоро дар бахши кишоварзӣ муҳокима карданд

Date:



           

Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов ва сафири Исроил дар Тоҷикистон Эҳуд Гол дурнамои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.





           

Тавре сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар вохӯри имконоти роҳандозии ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати ҷорисозии фановариҳои тоза дар бахши рустанипарварӣ, паррандапарварӣ, гармхонаҳо ва ғайра баррасӣ шуданд.




           

Қ.Қосимов барои дастгирии ташкили курсҳои омӯзишӣ дар доираи Маркази ҳамкории байнулмилалии «МАШАВ»-и Вазорати умури хориҷии Исроил ба дипломат изҳори миннатдорӣ намуд. Ғайр аз ин, Қ.Қосимов ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои пахтакорӣ, парваришу истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ ва тухмипарварӣ пешниҳодҳои ҷолиб кард.




           

Ба қавли Н.Додобоев, сафири Исроил омодагии кишварашро баҳри густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, ҷалби коршиносони Исроил ба Тоҷикистон ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар ин кишвар баён намуд. Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои густаришу тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ

 

миёни кишварҳо имконоти бузург мавҷуданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...