Дар Маскав Ҳамоиши III-уми ВАО-и миллии кишварҳои ИДМ ва Балтика ба кор шурӯъ кард

Date:


Душанбе. 2-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Маскав Ҳамоиши


III


-уми ВАО-и миллии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика ба кор шурӯъ кард.




Тавре аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, кишвари моро дар ин ҳамоиш директори генералии ҶДДМ «Азия-Плюс» Умед Бобохонов, котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров ва дигарон намояндагӣ мекунанд.



Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш аз ҷониби Оҷонсии иттилоотии «РИА Новости»-и Русия дар ҳамдастӣ бо Бунёди байнулмилалии ҳамкории гуманитарӣ созмон дода шуда, он то 3-уми декабри идома меёбад.



Зикр гардид, ки дар кори ҳамоиш намояндагони ВАО-и маъруфи кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Эстония ва ҳамчунин коршиносону муҳаққиқони ин соҳа ширкат мекунанд. Қобили зикр аст, ки ҳамоиши нахустин соли 2006 дар шаҳри Маскав баргузор шуда буд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...