Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи феврали соли оянда дар Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.
Тавре директори Хонаи кинои ҷумҳурӣ Сафар Ҳақдодов ба ОИ «Азия-плюс» хабар дод, имрӯз ин масъала зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии киностудияи «Тоҷикфилм» ва намояндагони сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор хоҳад гирифт. «Қаблан дар ҳамоиши «Киновиза» дар Тошканд директори Агентии миллии «Ӯзбекккино» Исҳоқ Аъзамов ва директори генералии «Тоҷикфилм» Лутфулло Давлатов масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши кинематографияи кишварҳо, баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Ӯзбекистонро муҳокима карда буданд», – гуфт ӯ.
Ба қавли С.Ҳақдодов, аллакай рӯйхати киноҳое, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ба тамошобинони тоҷик намоиш дода мешаванд, тартиб дода шудааст.


